Ба гузориши хабарии АБНА ба нақл аз Рейтер, натиҷаҳои назарсанҷии анҷомдодашуда аз сӯи ин хабариигузорӣ нишон медиҳанд, ки бисёре аз раъйдиҳандагони амрикоӣ аз амалкарди Трамп дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯ норозиянд.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, танҳо 32 дарсад аз амрикоиҳо амалкарди Трампро тасдиқ мекунанд.
Бар асоси гузориши Рейтер, раъйдиҳандагони лотинтабор ба пирӯзии Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 кӯмаки шоиста карданд, зеро ӯ тавонист наздик ба нисфи орои онҳоро ба даст оварад; рақаме, ки дар муқоиса бо тақрибан як сеҳуми оро дар интихоботи 2020, афзоиши чашмгире дошт. Бо ин ҳол, дар моҳҳои ахир ва ҳамзамон бо дасту панҷа нарм кардани амрикоиҳо бо таварруми афзояндаи ношӣ аз тасмими Трамп барои оғози таҷовуз алайҳи Эрон, ҳимоят аз раисҷумҳури ин кишвар коҳиш ёфтааст.
Танҳо 24 дарсад аз амрикоиҳои лотинтабор аз амалкарди Трамп розӣ ҳастанд ва ин омор камтарин сатҳи маҳбубияти Трамп дар миёни онҳо дар тӯли 2 давраи раёсати ҷумҳурии ӯст. 52 дарсад аз онҳо гуфтаанд, ки қасд доранд дар интихоботи миёнамуҳлат ба демократҳо раъй диҳанд.
Your Comment